Чарх монад аз гардиш аммо изтироб дил баҷост

Теғ шуд кунаду самоъи тоир бсмл баҷост

Ишқ бетобаст то даврони хати охир шудан

Чашми маҷнӯн май пурд то гардӣ аз маҳмил баҷост

Теғи хўнризст то як куштанӣ дар арса ҳаст

Ҳасан мағрураст то як ошиқ бедил баҷост

Шаш ҷиҳат аз каъбаи дил дар каманди андозинд

Гар ба ҳар ҷониб шавад он шохи гул моил баҷост

Ним ҷонӣ додаанд ва як ҷаҳони дил барда анд

Рӯзи маҳшар бо шаҳидони даъвӣ қотил баҷост

Ҳеҷ кофарро мабодои худпарастии сади роҳ !

Осмон шуд бо замини ҳамвор ва ин ҳоил баҷост

Дил чу аз ҷо рафт , олам мешавад зеру зибр

Нест бе паргори даври осмон то дил баҷост

Нуру зулмат бо ҷаҳони обу гул омехта аст

То замин ва осмон бошад ҳақ ва ботил баҷост

То нигардидааст одат , ншأаҳ мебахшад шароб

Гар ба умеди ҷунун аз нав шавам оқил баҷост

То шикорӣ ҳаст , дар парвоз бошад чашми дом

Нест зулфи ёрро ором то як дил баҷост

Зишти соиби зер гул хоҳад ниҳони ойӣна ро

Хасмии гардуни дун бо мардум қобил баҷост

Ин ҷавоби ҳазрати мирзои Саиди мо ки гуфт

Ин гиреҳ аз риштаи мо во шуд ва мушкил баҷост