Рӯй матлаб дар ниқоби яъс аз иброми мост

Шамъ дар фонӯс аз парвонаи худкоми мост

Чашм то во кардаем , аз хеши берун рафта ем

Нуқтаи оғози мо ҳамчун шарари анҷоми мост

Аз забони шикваи мо айши олам талх шуд

Талхии коми шукр аз талхии бодоми мост

Мо ки дар байтулҳаром бихўдӣ дорем рӯй

Бодбони киштӣ май ҷомаи эҳроми мост

Ҷой ҳайрат нест соибгар замин гираст дил

Солҳо шуд зери санг аз орзӯии хоми мост