Дурбини хунини ҷигар аз назм аҳвол худаст

Рӯзу шаби тоўси ларзон бар пар ва бол худаст

Шишае каз тоқ уфтад бишиканад , чун осмон

Аз ҳазорон тоқ дил афтод ва бар ҳол худаст ?

Хоксорӣ шуд ҳисор аз дидаи бадбӣни маро

Гавҳар аз гирди ятемии парда ҳол худаст

Уқдаи ҳирс аз мурӯр зиндагӣ гардад зиёд

Шохи оҳӯи пари гиреҳ аз касрат сол худаст

Неш бошад қисмати занбӯр аз дарёии шаҳд

Мумсик аз қаҳри худо бебаҳра аз мол худаст

намекунад дар роҳи худ доми гирифторӣ ба хок

Дида ҳар кас ки чун тоўс дунбол худаст

Комилон аз айби худ беш аз ҳунар ёбанд файз

Баҳраи тоўс аз по , беш аз бол худаст

Аз канори оби ҳайвон боз гардад хушки лаб

Чун Сикандар ҳар ки мстзҳр ба иқбол худаст

Нест хасмии одамиро ғайри худ чун анкабут

Доми роҳ ҳар касе аз тор омол худаст

Давлати побӯс бас бошад ҳиноро хўнбҳо

Бе сабаби соиб ба фикри хӯн помол худаст