Нўхтӣ аз тозаи рӯйони ҷаҳони моро бас аст

Барги сабзӣ зон баҳор бе хазони моро бас аст

Мӯшикофонро китобу дафтарӣ дар кор нест

Мисраи печидаи мӯии миёни моро бас аст

Ноз агар астодгӣ дар мива тар ме кунад

Сояи хушкӣ азон нахли ҷавони моро бас аст

Ҳамчуи тавқи қамарёни оғӯши мо густох нест

Ҷилвае аз давр азон сарви равони моро бас аст

Нӯши он лаб гар зиёдаст аз даҳони талхи мо

Ҳарфи талхӣ зон лаби шкрФшони моро бас аст

Хӯшаи чини хирмани гул чун ҳўснокон на ем

Мушти хошокӣ барои ошёни моро бас аст

Дар замини поки мо реги равон ҳирс нест

Қатрае зон чеҳра шабнам фишон моро бас аст

Барги айши бӯстони бодо ба бе дардони ҳалол

Бӯе аз гул чун насими нотавони моро бас аст

Гар ишорат нест , бо чини ҷабин ҳам қонеъем

Тири тхшӣ зон камони абрувони моро бас аст

Гар напечад бӯса дар мактуби он бидодгар

Номаи хушкии тасаллии бахши ҷони моро бас аст

Луқма чун афтод фарбеҳ , рӯҳро лоғар кунад

Чун ҳумо аз хон қисмати устихони моро бас аст

Норасоӣ гар кунад теғи забон дар арзи ҳол

Гиряи мо ҳамчуи Тифлони тарҷумони моро бас аст

Аз ҳам овозон агар холӣ шуд ин бстонсро

Хомаи хуши ҳарф , соиби ҳамзабони моро бас аст