Талхии олами шароби хушгувори мо бас аст
Дарду доғи ноумедии лолаи зори мо бас аст
Гар набошад бӯсаи ширин , паёми талхи ҳам
Баҳри таскини дили умедвори мо бас аст
Гар з дилсӯзӣ наёрад кас ба хоки мо чароғ
Хорхорӣ аз гулистони ёдгори мо бас аст
Гар зи хӯн мо нагирад дасти ширин дар нигор
Тешаи мардонаи мо дастёри мо бас аст
Гар зи хуии оташин , дӯзах ба мо тундӣ кунад
Мушти обӣ аз ҷабини шармсори мо бас аст
Мо каз об рӯй худ дорем боғи хеши сабз
Саркашии сарви канори ҷӯйбори мо бас аст
намешавад дасти навозиши меҳри лаби хамёза ро
Барги токӣ аз паии дафъи хумори мо бас аст
Теғҳоро кунад месозад сипар андохтан
Меҳри хомӯшии зи офатҳо ҳисори мо бас аст
Бед маҷнӯнем дар бстонсрои рӯзгор
Сар ба пеш андохтан аз шарм , бори мо бас аст
Зишти рӯйони душмани ойӣна ҳои равшананд
Ҳарфро бе пардаи гуфтани пардаи дори мо бас аст
Мо зи маҷнӯни расму ойин шикор омухтем
Аз ғизолони гӯшаи чашмии шикори мо бас аст
Аз дили мо ошнои бори ғамгар бар надошт
Ин ки дӯшӣ нест соиби зери бори мо бас аст