Зулфат ки ҳамчуи шоми ғарибон гирифта аст

Субҳи нишот дар таҳи домон гирифта аст

Аз дасти растхези ҳаводис куҷо рӯем ?

Моро миёни бодияи борон гирифта аст

( ин саҳви байн ки дидаи ҳақи ношиноси ман

Рӯй турои баробари қуръон гирифтааст )

Аз абри навбаҳори чамани ҷон гирифта аст

Гулзори ранги чеҳраи мисатон гирифта аст

Аз бас ки навбаҳор ба таъҷил ме равад

Шох аз шукуфаи даст ба дандон гирифта аст