То чанд зи расво шудани рози тавон сӯхт ?

Аз бе тиҳии ашки назарбози тавон сӯхт

Мардем дарин хонаи дилгири қафас , чанд

Аз шавқи ҳам оғӯшии парвози тавон сӯхт ?

Восўхтгии шева мо нест , вагарна

Аз як сухани сарди дили нози тавон сӯхт

Гар дар гузарӣ аз сари як ғунчаи табассум

Аз шуълаи ғайрати дили эъҷози тавон сӯхт