Ҳар қадари наққоши нақш ӯ ба диққат ме кашад

Чун назар бар рӯйиш андозад хиҷолат ме кашад

Шуълаи ҷуволаи як нуқтааст чун сокин шавад

Сайру даври соликони охир ба ваҳдат ме кашад

Обрӯии ҷурм агар инаст , дар девони афв

Осӣ аз нокарда беш аз карда хиҷлат ме кашад