зи ишқи афзӯни таманнои дил худком ме гардад

зи хуршеди қиёмати ин самарҳо хом ме гардад

зи ҳамвории нигин то номвар гардид донистам

Ки ҳар кас мешавад ҳамвор , соҳиб ном ме гардад

Саги Лайлӣ ба ҷуз Лайлӣ нагардад ошно бо кас

Вагарнаи оҳӯии ваҳшӣ ба маҷнӯн ром ме гардад