Аз баси адаб ки ёфт дили мо адиб шуд

Бемори мо з ранҷ кашӣдан табиб шуд

Бедарду доғ , фикр тараққӣ наме кунад

Дил шуд ятем то сухани ман ғариб шуд

Баъд аз ҳазор шаб ки шаб васл дод рӯй

Авқоти сарфи поси нигоҳ рақиб шуд