То хаёли зулф ӯ раҳ дар дил девона дошт

Аз пару боли парии ҷоруби ин вайрона дошт

Шишаи номӯси ман то бар канори тоқ буд

Ҳар ки сангӣ дошт аз баҳри ман девона дошт

Май шикаст аз хӯни ман доими хумори хеш ро

Чашми махмурӣ ки дар ҳар гӯшаи сад майхона дошт