Доман аз ашки дида об гирифт ,
Баҳри мо равнақ аз ҳубоб гирифт
Ҷузи ғамат каз ду чашми хунинам
Сайлҳо зи ашк беҳисоб гирифт
Аз ду гулбарги доғи дидаи куҷо
наме тавон ӣнқадар гулоб гирифт
Қудрати ишқи байн ки дарёҳо
Оби зини пора ӣ саҳоб гирифт
Хӯн шуд аз ҳар хамӣ аз ӯ дили мо
Зулфат аз нофаи хӯн ноб гирифт
Турфа омад камари миёни туро
Турфа бингар ки мӯ таноб гирифт
На аҷабгар ғизоли водии ишқ
Аз дили шери нар кабоб гирифт
Шасти авроқи қилу қоли улӯм
Ҳаркии як дарс аз ин китоб гирифт
Бар сафойӣ гушӯда шуд дар хулд
Ҷойгаҳ то бад-ӣн ҷаноб гирифт