Чу тарки чашми ту зи абрӯии худ камон гирад

Бигӯ ба тири нахустин маро нишон гирад

Фиреби ишқ ба ҳарб бутӣ кашид маро

Ки аз Рахши сипар аз қоматаш синон гирад

Сипоҳи шоҳ ки шаҳрӣ ба чор ма нагирифт

Низоми моҳи ман аз як нигаҳ ҷаҳон гирад

зи доғи он ма маҳмил нишин битарсу бпоӣ

Мабод зи оҳи ман оташ ба корвон гирад

Ду асба дар паии дил май рӯми рикоби гушой

Куҷост марди раҳе то маро Аннан гирад

Гарон фуруш махонаш ки бошад арзони боз

Агар баҳоии нигоҳии ҳазор ҷон гирад

Ду ним ршҳаҳи зулоли лабати аҷаб ки яке

Чаҳор наҳри ҷинон дар изоӣ он гирад

Ҳар онкии аҳл назар шуд зи суҳбати ту дамӣ

намедиҳад ки ивази айш ҷовдон гирад

Пас аз вуқуф ба хок дарат камол хатост

Ба аҳди булбул агар роҳ гулистон гирад

Баҳорат аз хатари сарсар эминаст балӣ

Сипоҳи ғамзаи сари роҳ бар хазон гирад

Сафойӣ аз дар ҷонон ба дар нахоҳад шуд

Вари ин қабул надорад маро змон гирад