Сиришки дида агар рашки об ҷӯ накунам
Ба хоки пои ту таҳсил обрӯ накунам
Нишони хок дарат бар ҷабин ман пайдост
Ба оби чашмаш агар поки шаст ва шӯ накунам
Маро ба водии ишқ ту нест як сари хор
Ки ҳар дақиқа ба дили сад раҳаш фурӯ накунам
Агар ба ҳиҷр набошад марои умеди висол
Худои гўост ки ҷузи мурдан орзӯ накунам
Марои ризои ту бояд ба саҳв агар корӣ
Хилофи рой ту кардам дигар бигӯ накунам
Хабари зи рози ман эй хома май барӣ ба рақиб
Гуноҳи ман ки дигар бо тўгФтгўнкнм
Ба ишқи дӯсти маро аз қадими улфат ҳост
Ба ҳукми ақли навомӯзи тарк ӯ накунам
Куҷо бар он сари зулфи ду то занами дастӣ
Агар ба пои ту болои худ ва ту накунам
Ҳазор чок ба домони тақвим нигарӣ
Агар ба тори риёи дам ба дам руфӯ накунам
Дуруст нест сафойии маро ба кеши вафо
Ҳар он намоз ки бо хӯни дил вузӯ накунам