Соқии имшаби зи ту мо чашм нигоҳӣ дорем

Бе риёи қасди савобӣ ба гуноҳӣ дорем

Манъи мо гӯ накунад мӯҳтасиб аз май ки шигарф

Ҷурм бахшанда хатопӯш илоҳӣ дорем

Наҳаросем агар санги баборади зи сипеҳр

Мо ки дар соя ӣ майхона паноҳӣ дорем

Ҳар кас аз шаҳр ба гулгашт баҳорон бархест

Мо нишастем ва чу дили сӯии ту роҳӣ дорем

Бош кӯи равшании рӯзи хилоиқи хуршед

Шаби мо хуш ки зи рухсори ту моҳӣ дорем

Шоҳро хотир агар шод ба сарҳангу низом

Мо зи чашму мижаи султон ва сипоҳӣ дорем

Хасми гӯи хам ба камони ситами афкани сӯии мо

Рости мо ҳам ба дили тири ту оҳӣ дорем

Хор дар мо мангар каз асари давлати ишқ

Баси гадоӣам вале иззат ва ҷоҳӣ дорем

Дили зи шбрнги сари зулфи нигаҳдор ки мо

Роят аз гесуӣ ӯ рӯз сиёҳӣ дорем

Нест ҳар чанд сафойии зи ҷаҳони ҳеҷ маро

Лекин аз давлати фақр ончӣ бихоҳӣ дорем