Таъолии аллоҳ чаҳ симин ғабғабаст ин
Бномизд чаҳ ширин машрабаст ин
Висолу ҳиҷри он ё суру мотам
Ҷабину зулф ё рӯз ва шабаст ин
Ҳаҷар ё рӯйу оҳан ё диласт он
Намак ё лаълу шукр ё лабаст ин
зи савдои ғамат дар тан надонам
Шарори ишқ ё тоб табаст ин
Махон хати гирди рухсораш ки мо ро
зи дӯди оҳ ё раб ё рабаст ин
Ба тирам зад камони абрӯии дилбанд
Магари султони рухро ҳоҷибаст ин
Фикандам ним бсмли барсари роҳ
зи миллатҳо кадомин мазҳабаст ин
Расед аз гирди раҳи он шаҳ назар кун
Дили мо ё ғубор мавкибаст ин
Замину осмони хӯни резу хӯни хор
Сафойиро чаҳ бахт ва кавкабаст ин