На сари зи теғи ту танҳо бариданам ҳавас аст

Ба хоки пои ту дар хӯни тпиднм ҳавас аст

Задӣ чу як ду се захмам бидор даст ки боз

Дўгомӣ аз паии қотил давиданам ҳавас аст

Ба шавқи дому қафас дар баҳор низ чу дай

зи ошиёнау гулшан париданам ҳавас аст

Чу рехти тоири дили болу пар ба доми фироқ

Ба гӯша ӣ қафас орамиданам ҳавас аст

Ба ғифлат ар нагарм берахт ба гули назарӣ

Ба дидаи рухсори ҳаводис халиданам ҳавас аст

Агар хаданги ту байнам нишаста дар дили ғайр

зи рашк бо сар мижгон кашӣданам ҳавас аст

Чўдли хаёли туро то дароварам ба канор

Аз он ба гӯша ӣ хилват хазиданам ҳавас аст

Агар ғами ту ба бозор ишқ бифурӯшанд

Ба малики вмоли ду олам хариданам ҳавас аст

Ҳазор хори хсонм ба дили шикастау боз

Гулии зи гулшани чеҳри ту чиданам ҳавас аст

Чаҳ заҳрҳо ки шуд аз ҳасратам ба ком ва ҳануз

Дамӣ аз он лаб нӯшин макиданам ҳавас аст

Ба фисқу зуҳди сафойӣ чаҳ кори воъиз ро

Марои баси ин ки маломати шуниданам ҳавас аст

Руфӯии хирқаи талбисам аз риё на равост

Кунун ки ҷома ӣ тақво дариданам ҳавас аст