Ба ним парда ки бардошт рӯй зебо ро
Дарид парда ӣ парҳези перу бурно ро
зи саҳни хайма ба саҳрои шуъоъи талъати дӯст
Бурид аз рухи хуршеди меҳри ҳрбо ро
Расост қади санавбар вале куҷо бо вай
Кунанд нисбати он сарви моҳи симо ро
Ба дастёрии лаълаш ки шарми хотами ҷам
Ба пой рафта бибин мӯъҷизи масеҳо ро
зи шӯри он лаби ширин ба коми мо даврӣ аст
Ки таъми талхтар аз ҳанзаласт ҳалво ро
Ба ҳабс Юсуфаш ангехт рашк дидани ғайр
Дар ин қазия маломат макун Зулайхо ро
Ба синаи роз ту хоҳам зи халқи пӯшидан
Вале чаҳ чора кунам ранг рӯй расво ро
Ба баддилӣ макун инкори меҳр ман мапаснд
Ба хеши танзи аҳбоу таъни аъдо ро
Сафойӣ аз ду ҷаҳони ҷузи ризои дӯсти мҷўӣ
Ки ман ҳаром шиносам хайри ин таманно ро