Фалакро дида гирёнаст имрӯз
Маликро сина бирёнаст имрӯз
Ҷаҳонро дар азои навҷавонон
Сари ғам дар гиребонаст имрӯз
Ба доғи нўхтони рӯҳи алқудс ро
Сари зорӣ ва афғонаст имрӯз
Ки зарроти ду олами пасту боло
Дарин мотам хурушонаст имрӯз
Ба ҳасрати муттафиқи мақбулу қобил
Саропои ду кайҳонаст имрӯз
Чу ушшоқи дил азкФ дода кайҳон
Ба кори хеш ҳайронаст имрӯз
Чу зулфи хубрӯёни хтоиӣ
Ҷамоатҳо парешонаст имрӯз
зи хӯни чашми гардуни домани дашт
Назири кон марҷонаст имрӯз
Сари хуршед аз ин ғам то қиёмат
Чу мотами дида урёнаст имрӯз
Ҳаво бар хок аз ҷазаъи дрри бор
Чу анҷуми гавҳар афшонаст имрӯз
Ба рӯй рӯзгори ашки паёпай
Равон чун абр Нитсаонаст имрӯз
зи хӯни глъзорони тарафи водӣ
Чу атроф гулистонаст имрӯз
з ҳар сўхФтаҳ дар хӯни некбахтӣ
Магари худ ид қурбонаст имрӯз
Баннои сабри ҳрўирону обод
зи сайли дида вайронаст имрӯз
Саросари офаринишро зи яздон
Ба амри навҳа фармонаст имрӯз
Чу даври афтода аз ҷонони ҷаҳон ро
Видоъи ҷисм бо ҷонаст имрӯз
Чу сабри ошиқ аз дили марду зан ро
Шикебе гурезонаст имрӯз
Яке ашкаш ба ҳомӯнаст фардо
Яке оҳаш ба кайвонаст имрӯз
зи хӯни дидагони домони саҳро
Бадахшон дар Бадахшонаст имрӯз
Чу дӯш аз тоби ин оташ нашуд об
Ба сахтии санг ва санадонаст имрӯз
Сафойиро ба ёди ташнаи комон
Сиришк аз дил ба домонаст имрӯз