На хат биравӣ ту кини мейри кишвар занг аст
Кашида лашкар ва бо шоҳи рӯм дар ҷанг аст
Сиёҳ шуд зи ғамати рӯзи мо чу шом вале
Аз он хушем ки бо турраи ту ҳамранг аст
Барор коми ман эй қиблаи ман абрӯят
Ки ком халқ диҳад каъба гарчи дил санг аст
зи банди банд ман ояд навой нола чу не
Вале бигӯаш ту хуштар зи нағма чанг аст
Туро зи меҳнати ман ҳеҷ ғам набошад лек
зи фурқати даҳанати баҳри ман ҷаҳон танг аст
з по фитодам ва манзил нашуд падеди оре
Раҳеаст ишқ ки беруни зи майл ва фарсанг аст
Фиреби номи сағир аз ту кӣ хӯрд зоҳид
Бкиши бодаи кашони номи моя нанг аст