зи даври доираи ин муҳӣти пургорӣ
Насиби ман ҳама саргаштагӣаст пиндорӣ
Нишастаам ба канорӣ чу чанги сар дар пеш
Фитода дар пас зону ва мекунам зорӣ
Дар оташам чу зар аз дӯстони қалби ду рӯ
з бе зарии ҳама аз ман намӯда безорӣ
з безарӣаст агар чун чароғ бе равған
Замони замони нафасӣ май занам ба душворӣ
Барои талхии айши ҳасуду шодии дӯст
Кунам ба хӯн чу қадаҳи ранги чеҳраи гулнорӣ
Азизи Мисри вуҷӯдам , ним асир касе
Дарин диёр аз ихвон чаро кашами хорӣ