Хдоигони вазирони малики осифи аҳд

Зиҳии ниҳодаи ниҳоди ту адлро бунёд

Ғубори адҳами калаки ту анбари ашҳб

Ғуломи сунбули халқи ту сӯсани озод

зи сунъи тарбияти рои банда парвар туаст

Хирад ки пери фалакро назода дорад ёд

Гар аз шмомаҳи хилқати сабо асар ёбад

Шавад бунафшаи маҳзун чу гул аз он ҳам шод

Забони лола азон шуд ба анбари олӯда

Ки ӯ ҳикояти халқ ту мекунад бо бод

Хдоигонои аҳволи ман зи даври фалак

Ба сӯратӣаст ки аҳволи душманони ту бод

Алоғкии ду се зин пеш дошт бандаи ту

Ба ваҷҳи қарзи якояк ба қарз хоҳон дод

Кунун тасаввур он мекунад ки бар тобад

Ба сӯии соваи Аннани азимат аз Бағдод

Пиёдаи рух ба раҳ оварда мотам аз ҳайрат

Ту шаҳсаворӣу асбӣ ба мот бояд дод