эй мурғи ҷон талаб кун азин оташини қафас

Роҳи бурун шудан ки туро ҳам қафас намонад

Зон дӯстони хосӣ ки дидед дар диёр

Дардо ки дар диёри вафои ҳеҷ кас намонад

Ёрони нозанини ҳамаи рафтанд ва ҳеҷ як

Зон ҳамРаҳон ба толеъи ман боз пас намонад

Гӯши доро , мадори дарин корвони саро

Коинҷо ба ғайри нолаи зор ҷарас намонад

Оби баҳори айшу гули бахт мо бирехт

Зин ҳар ду ёдгор ба ҷузи хор ва хас намонад

Ёрӣ ки дам тавон зад азу буд садри дайн

Дами даракаш эй замона ки ҷой нафас намонад

Сармояи умеди ман ӯ буд дар ҷаҳон

Рафту умеди ман ба ҷаҳони зин сипас намонад

Шуд умри хор дар назари мо ки баъди азу

Моро ба васли ҳеҷ азизӣ ҳавас намонад