Рӯят ки азу гирифт неруи оташ

Аз фитна бар афрӯхт ба ҳар сӯи оташ

Бо рӯй ту дар ситамгарӣ зад паҳлу

Зулфи ту ва кард зери паҳлуи оташ