Сипеҳр бевафо то тири адуон дар камон дорад

Тани озодагонро ҷои пайкон дар нишон дорад

зи бас бо аҳли фазлу мардуми доно буд душман

Якоякро ба кафи теғи аҷали андар камон дорад

Ба аҳли байти исмати бас ки майл душманӣ дорад

Баҳри каси ходими он остон шуд сар гарон дорад

Аз онҷое ки созад ногаҳон чун ғунчаи хомӯшаш

Чун сӯсан ҳар ки дар гулзор ҳастӣ даҳ забон дорад

Ҷаноби мирзои солеҳ чу дид азшғли маддоҳӣ

Лаби мӯъҷизи намои нутқи балоғат тарҷумон дорад

Бузад аз тешаи кини нахли умеди вуҷӯдаш ро

Ки то шохи ҳнрбори фазоъил тарҷумон дорад

Чун аз калак машйат шуд рақам ки аз вартаи имкон

Худои ломакон ӯро сӯии ҷинат равон дорад

Сафир ғайб зад ба рӯй Нидо аз малики лорибӣ

Ки ризвони баҳри ту малики ҷинонро армағон дорад

Биёи сӯии биҳишту манзили худро тамошо кун

Ду сад малики ҷаҳони баҳри қудуматро ягон дорад

зи зиндони ҷаҳон дораст андари гулшани ҷинат

Мақомии длгшо назд амирмўмнон дорад

Рақам зад калак ( сомит ) баҳри таърихи вафот ӯ

Ба роҳати солеҳи маддоҳ ҷое дар ҷинон дорад