Хез то бар ёди ишқ хубрӯён ме занем

Пас зи роҳи дидаи боғи дӯстиро пай занем

Аз навой нолаи неи гӯшҳоро пар кунем

Вази фурӯғи оташ май чеҳраҳоро хуй занем

Чун дарин маҷлис ба ёд не барояд корҳо

Мо замонӣ байт хонему замонӣ не занем

Заҳмати мо чун зи мо май порае кам ме кунад

Хирқа бифурӯшем ва худро бар суроҳе ме занем

Чанг дар дилбар занем он дам ки аз худ ғоибем

Пас нӣим акнӯн чу ғоиби чанг дар вай кӣ занем

Аз барои бе нишонеи як фурӯғ аз оҳи дил

Дар баҳор ва дар хазон ва дар тамӯз ва дай занем

Дафтари малики ду оламро фурӯ шӯйем пок

Ҳар чаҳ он моро нишонаст оташи андар вай занем