Мо ошиқ рӯй он нигорем

Зон хастау зору длФгорим

Ҳамвора ба банд ӯ асирем

Пайваста ба дом ӯ шикорем

ӯ дилбари хуб хуб хубаст

Мо ошиқи зор зор зорем

Тарсам ки ҷаҳон хароб гардад

Аз дидаи сршг аз он нборим

Аз фитнаи зулфи мшкборш

Гӯйӣ ки ҳамеша дар хуморем

Охири бнгўиӣ эй нигорин

Кандар ҳаваси ту бар чаҳ корем

Гар даст ту нест бар сари мо

Мо худ сари ин ҷаҳон надорем

Моро ба ҷафоӣ худ маёзор

Козрдаҳ ҷавр рӯзгорем

Чун ту ба ҷамол бе мисолӣ

Мо бе ту бадал ба дил надорем

Хоки қидмат агар биёбем

Дар дида ба ҷой серума дорем

Моро ба ҷаҳон мабод шодӣ

Гар мо ғами ту ба ғам шуморем