Хусрав аз Мозандарон ояд ҳаме
ё Масеҳ аз осмон ояд ҳаме
ё зи баҳри маслиҳати рӯҳи аломин
Сӯии дунё зон ҷаҳон ояд ҳаме
ё Сикандар бо бузургони Ироқ
Сӯии шарқ аз қирвон ояд ҳаме
« реги Омуӣу дарозии роҳ ӯ
Зери помон парниён ояд ҳаме »
« оби Ҷайҳун аз нишот рӯй дӯст
Асби моро то миён ояд ҳаме »
Ранҷ ғурбат рафту тимори сафар
« буии ёр меҳрбон ояд ҳаме »
Ин аз он вазнаст гуфта рӯдакӣ
« ёди ҷӯй мавлоон ояд ҳаме »