Моро даруни пуроташу ғофилнигор аз он
Лаълаши шароби кавсар ва моро хумор аз он
Гуфтам ба тӯл умр шавад корам аз ту рост
Ҷонам расед брлб ва бигузашт кор аз он
Рӯзӣ ба умри нисбати қад ту карда ам
Умр дароз рафт ва ман шармсор аз он
Пайконҳо ки дар дилам аз новаки ту буд
Барадам ба зери хоки басии ёдгор аз он
Ишқат чу дар даруни дилу ҷон қарор ёфт
Зин рафт ақлу донишу сабру қарор аз он
Даврони чарх чун набӯд бар муроди худ
эй шоҳидӣ макун гилаи рӯзгор аз он