Шодам ки зи ман бар дили кас борӣ нест

Касро зи ману кори ман озорӣ нест

Гар нек шуморанду гарм бад гӯйанд

Бо неку бади ҳечкасам корӣ нест