Бинозам ҷони рӯҳи афзои Сайид

Бинозам сӯрати зебои Сайид

Ҳамаи асрор ӯ дорад кмоҳӣ

Бинозам он дили донои Сайид

Тавон дид офтоб ҳар ду олам

Ба нури дидаи донои Сайид

Сар афрозӣ кунӣ дар дайну дунё

?герат дар сар буд савдои Сайид

Ба назд ҳиммати мо ҳафт дарё

Буд як қатра аз дарёии Сайид

зи Сайиди ғайри Сайид ман наҷӯям

Надорам ҳечкас бар ҷои Сайид

Муҳамади Сайиду содоти олам

Шуданд аз ҷону дили мавлои Сайид

Барои мо набошад ҳеҷ махфӣ

Агар бошем мо бар рои Сайид

Шукр резӣ кунӣ дар Мисри маънӣ

Ба сӯратгар хурии ҳалвои Сайид

зи сари сина бекӣна ӯ

Шудам воқифи ман аз ?имаии Сайид

Дами ҷони бахш аз исо талаб кун

з Мӯсо ҷӯяду Байзои Сайид

Ғуломи Сайидам аз ҷон ва аз дил

Ба хоки пой бе ҳамтои Сайид

Ба фардо медиҳад имрӯзи ваъда

Бинозам ваъдаи фардои Сайид

Ду чашми неъмати аллоҳи нур аз ӯ дид

Ки бошад рӯзу шаби мأўои Сайид