Ҳар чаҳ гуфтам аён шавад ба худо

Пери мо ҳам ҷавон шавад ба худо

Дар майхонаро кушоди яқин

Соқӣ ошиқон шавад ба худо

Ҳар чаҳ гуфтам ҳама чунон гардид

Ҳар чаҳ гӯям ҳамон шавад ба худо

Аз сари завқи ин сухан гуфтам

Бишинав аз ман ки он шавад ба худо

Оинаи пеши чашм май орм

Нури он рӯ аён шавад ба худо

Бози илм бадеъ ме хонам

Ин маъонӣ баён шавад ба худо

Гӯш кун гуфта хуши Сайид

Ин чунин он чунон шавад ба худо