Дар хароботи Муғони масту хароб афтода ем

Тавба бишикастему дигар дар шароб афтода ем

Дар хаёли он ки бинмоед хаёл ӯ ба хоб

Нақш бастем он хаёлу хуш ба хоб афтода ем

Дар ба дасти зулф ӯ додем ва дар по ме кашад

Лоҷарам чун зулф ӯ дар печу тоб афтода ем

Оби чашми мо ба ҳар сӯи рӯ ниҳода ме равад

Мо чунин ташна вале дар ғарқи об афтода ем

Офтоби лутф ӯ бнўохти моро аз карам

Равшанаст аҳволи мо бар офтоб оФтодаҳ ем

Сайид риндем ва бо соқӣ ҳарифӣ ме кунем

Бар дар майхонаи маст ва беҳиҷоб афтода ем

Бар сари кӯии муҳаббати мо ва чун мо сад ҳазор

Ҷон ба ҷонон додаем ва беҳисоб афтода ем