Хуши хаёлиро ба хӯбӣ дида ам
Ҳазрати олиҷанобӣ дида ам
Дидаам ойинаи гетии намо
Офтобии маи ниқобӣ дида ам
Ҳафт дарё дар назар оварда ам
Аз муҳӣташи як ҳубобӣ дида ам
Дидаам равшан ба нур рӯй ӯст
Он чунон нурӣ дар обӣ дида ам
Ғайр ӯ дигар наёяд дар назар
Ҳар чаҳ дидам беҳиҷобӣ дида ам
Сӯрату маънӣ олам ёфтам
Ҷисму ҷон , ҷому шаробӣ дида ам
Дар хароботи Муғони гаштами басӣ
Сайиди масти харобӣ дида ам