Рафтам ба дар хона майхона нишастам
Он тавбаи сангин ба яке ҷуръаи шикастам
Гар оқили махмур маро хонд ба маҷнӯн
Манъаш макун эй ошиқи сармаст ки ҳастам
Дар ҳар ду ҷаҳони ғайри якеро чу надидам
Шак нест ки ҳам ғайри якеро напарастам
Сармасти шаробам на ки имрӯзи чунинам
Аз рӯзи азал то ба абади ошиқу мастам
Дар хоб гирифтам сари дастӣ ки чаҳ гӯям
Хуш нақш хаёлӣаст ки афтод ба дастам
Гуфтанд ки дар кӯй харобот ҳузурӣаст
Бархестам ва рафтам ва онҷо бинишастам
Сайид Карамӣ кард ва маро хонд ба банда
Ман ҳам камари хизмат ӯ чуст бибастам