Мо хоки роҳро ба назар кимиё кунем

Сад дарди дил ба гӯшаи чашмӣ даво кунем

Дар ҳабс сӯратем ва чунин шоди вхрмим

Бингар ки дар сарочаи маънӣ чаҳ ҳо кунем

Риндони лоуболӣ ва мисатон сархушем

Ҳушёрро ба маҷлиси худ кӣ раҳо кунем

Мавҷи муҳӣту гавҳар дарёӣ иззатем

Мо майли дил ба обу гули охир чаро кунем

Дар дида рӯй соқӣ ва бар дасти ҷом май

Борӣ бигӯ ки гӯш ба оқил чаро кунем

Аз худ бар о ва дар сафи асҳоби мо хиром

То Сайидона рӯй дилат бо худо кунем