Ҷон фидо кун васли ҷононро биҷӯ

Дарди дардаши нӯши дармонро биҷӯ

Ишқи зулфаши сар ба савдо ме кашад

Маҷмаъи зулфи парешонро биҷӯ

Бигузар аз сӯрат чу мо маънии талаб

Куфрро бигзору имонро биҷӯ

Ганҷ ӯ дар кунҷи дил гар ёфтӣ

Ганҷро бигзору султонро биҷӯ

Завқ аз махмур натавон ёфтан

Завқи хоҳии хезу мисатонро биҷӯ

Гавҳари ин баҳри могар боядат

Ҳамчуи ғаввосони ту Аммонро биҷӯ

Ҳиммат олӣ нахоҳад ғайри он

Гар ту олии ҳимматии онро биҷӯ

Дар хароботи Муғони моро талаб

намебанушу роҳати ҷонро биҷӯ

Неъмати аллоҳи ҷӯ ки то ёбии амон

Соқии сармасти риндонро биҷӯ