Гавҳар дар ятем аз мо биҷӯ
Ончунон гавҳар дар ин дарё биҷӯ
Дар вуҷӯди хештан сирӣ бикун
Ҳазрати яктоӣ беҳамто биҷӯ
Даст бигушо домани худро бигир
Ҳар чаҳ май хоҳии зи худ ҷоно биҷӯ
Дар дили мо нақди ганҷ ӯ талаб
Аз чунин ганҷии биёи онро биҷӯ
Ошиқу маъшӯқи мо ҳар ду якеаст
Сӯрату маънии он якто биҷӯ
Гар биҳишти ҷовдони хоҳии биё
Хилвати майхонаи моро биҷӯ
Шарҳи асмои орифона хуш бихон
Як мсмӣ дар ҳама асмо биҷӯ
Дар хароботи Муғони масту хароб
Рӯи қадам на коми дил онҷо биҷӯ
Нур ӯ дар дида бино бибин
Неъмати аллоҳ дар ҳама ашё биҷӯ