То нақши хаёл ту нигорем ба дида
Корӣ ба ҷузи ин кор надорем ба дида
Аз дидаи мо об равонаст ба ҳар сӯ
Аз мо баталаб об баборем ба дида
Ғайри ту агар дар назар мо бинмоед
Ғайрат нагузорад ки дар оем ба дида
Ҳар шаб ба хаёлӣ ки ба мо рӯй нмоӣӣ
То рӯз ситора бишуморем ба дида
Дар дида падедаст назар кун ки тавон дид
Нақшӣу нигорӣ ки нигорем ба дида
Бар хок дарат кошта шуд тухми муҳаббат
Умед ки мо об биорем ба дида
Ҷон дар тани Сайид ту наҳодӣ ба амонат
Гар ҳукм кунӣ ҳон бисипорем ба дида