Дар мазҳари мутаҳҳари мазҳар зуҳӯр карда

Ҷоми ҷаҳони наморо равшан чу нур карда

Дар хилвати хароботи базми хушии ниҳода

Бо ёр худ нишаста ағёр давр карда

Тимсол бемисолаш дар оина намӯда

Ҳасани чунин латифии эсор нур карда

Мо толиби блоӣим аммо аноят ӯ

Дода бало ба Айюб ӯро сабур карда

Бустони сарои моро сарсабзи офарӣда

Сайлоби раҳмат ӯ бар мо убӯр карда

Ҳар оина ки бинӣ ӯро ба мо намояд

Дар чашми равшани мо нураш зуҳӯр карда

Хуш оташӣ барафрӯхт авди дилами ҳамаи сӯхт

Аз баҳри неъмати аллоҳ ҷонҳо бихӯр карда