Дӯш рафтам дар хароботи Муғони риндонаи маст
Дидам онҷои орифону ошиқони мастонаи маст
Ҷӯшаши мастии фитода дар ниҳоди хам май
Ҷону дил сармаст гашта соғару паймонаи маст
Ҷом медар дода соқии хосу оми маҷлисаш
Ошноёни маст аз он паймонау бегонаи маст
Оқил ва фарзона дидам масти ҷоми ишқ ӯ
Дар хаёл рӯй ӯ хуши ошиқи девонаи маст
Зоҳидӣ аз ишқ ӯ дар кунҷи хилват дар хурӯш
Дар ҳавояши суфиён дар гӯшаи кошонаи маст
Авди ҷон дар миҷмари сина ба ишқи буи ӯ
Сӯхт бар он оташи ишқи ошиқи мастонаи маст
Дар ҳавои офтоб рӯй ӯ яксон шуда
Ҷумлаи зарроти вуҷӯди ошиқи фарзонаи маст
Каъба дар вай гашта ҳайрони бткдаҳи мадҳуш ӯ
Савмиъаи нолони зи ишқаши омадаи майхонаи маст
Дар миён орифон дидам нишаста Сайидӣ
Хуши гирифта дар канори ҷони худ ҷононаи маст