Чашмӣ ки ба нур ишқ биност

Биност ҳамеша аз чапу рост

Дидаи нигарон дида ӯст

Ин хирқа ки нури дидаи мост

Мо дар ғами ҳиҷри ёри восил

Ҷони ташнау дил ғариқ дарёст

Ишқаст ки дар бутун кас нест

Ишқаст ки аз зуҳӯр пайдост

Имрӯз касе ки маст ишқаст

Фориғи зи хумори дай ва фардост

Хуршеди ҷамол ӯ баромад

Аз дидаи хаёл соя бархест

Дидеми чунонкии дӣданӣ буд

Донад суханам ҳар онкӣ доност

Дар оина рӯй хеш бинад

Ҳар дида ки ӯ ба хеш биност

эй ёри румузи неъмати аллоҳ

Пинҳон чаҳ кунем чун ки пайдост