Мутриби ушшоқи соз мо навохт

Соқии сармасти мо моро навохт

Соф дармонаст дарди дарди дил

Дарди дардаши ҷони бӯ дардо навохт

Аз балояши кори мо боло гирифт

Ин балои моро аз он боло навохт

Ганҷи асмо бар сар олам фишонд

Аз карам ӯ ҷумла ашё навохт

Олимӣ аз завқи мо осӯда анд

Хотири ёрони моро то навохт

Карда майхонаи сиблати ошиқон

Бенавоёнро чунин хуши вонўохт

Неъмати аллоҳро ба лутфи хештан

Ҳазрати яктоӣ беҳамто навохт