Мастем ва харобему гирифтори харобот

Саргашта дар он кӯча чу паргори харобот

Ҳар каси паии корӣу ҳарифӣу надимӣ

Моро набӯд кор ба ҷузи кори харобот

Сари ҳалқаи риндон саропарда ишқем

Ҳам суҳбати мо хизмати хумори харобот

Аз ақли мҷуи сӯрати майхонаи маънӣ

Аз мо талаб эй ёри ту асрори харобот

Дар замзамаи мутриби ушшоқи каломам

Ҳайрон шудаи ?ути булбули гулзори харобот

Аз ғайрати он шоҳиди сармасти ягона

Диёр намегунҷад дар дори харобот

Айём ба комасту ҳарифон ба муроданд

Аз бандагии Сайиди сардори харобот