Мо ба ту ҳастем ва ту ҳастӣ ба худ

Ғайри туро ҳаст нагӯяд хирад

Ғайри яке дар ду ҷаҳон ҳаст нест

Гарчи намояд ба зуҳӯри он ду сад

Зоти якеу сифаташ бе шумор

Шайхи яке хирқа ӯ бе адад

Ваҳдату тавҳид ва муваҳҳид якеаст

Дар назари орифи зоти аҳад

Нур ҷамолаш бинмоед аён

Дар басар ҳар ки набошад Ромад

Нест шавад ҳар чаҳ буд ғайр ӯ

Гар накунад аз нафаси худ мадад

Сайиди мо бо ту нагӯям ки кист

Дар бар мо оина дар намад