Май муҳаббат ӯ нӯш кун ки навишт бод
Биёу хизмат ӯ нӯш кун ки навишт бод
Шароби пок ҳилоласту соқии сармаст
Зулоли неъмат ӯ нӯш кун ки навишт бод
Ҳамеша раҳмат ӯ обрӯ диҳад мо ро
зи оби раҳмат ӯ нӯш кун ки навишт бод
Чу ҷои ҷому суроҳеи биё ба майхона
Ба қадари ҳиммат ӯ нӯш кун ки навишт бод
Биё ки қисмат мо кардаанд ҷоми шароб
Хушаст қисмат ӯ нӯш кун ки навишт бод
Расед соқии кавсар ҳаёт ме бахшад
зи дасти ҳазрат ӯ нӯш кун ки навишт бод
Шароби Сайиди мо ҷуръае ба сад ҷон аст
Ба ёди қимат ӯ нӯш кун ки навишт бод