Ишқ ӯ моро ба комаст эй писар
Дил ки бошад ҷон кадомаст эй писар
Ошиқӣ дар ишқ агар ҷонро надод
Назд комил нотамомаст эй писар
Маҷлис ишқаст ва мо масту хароб
Умри мо бе ӯ ҳаромаст эй писар
Хуши ҳубобӣ пар кун аз оби ҳаёт
Кӯи шароби мо ва ҷомаст эй писар
Ҳамдам ҷомем ва бо соқии ҳариф
Ақлро ӣнҷо чаҳ номаст эй писар
Қарз бигзору хушии осӯдаи шӯ
Ҳар чаҳ дорӣ ҷумла вомаст эй писар
Бандаи ҷонии Абдуллоҳи мо
Ҳазрат Абдусаломаст эй писар
Сайиди мо банда ҷонӣ ӯст
Пеш ӯ султон ғуломаст эй писар