Ба коми мост майу ҷому ҷисму ҷон ҳар чор
Чаҳ хуш буд ки буд ёри он чунон ҳар чор
Ҳубобу қатрау дарёу мавҷро дарёб
Ба айни мо назарӣ кун якеаст он ҳар чор
Чаҳор ҳарф бигир ва хушӣ бигӯ аллоҳ
Ягона бош ва якеро равон бихон ҳар чор
Ҳарифи сархушу соқии масту ҷоми шароб
Умед ҳаст ки бошанд ҷовдон ҳар чор
Чаҳор табъи мухолиф мувофиқат карданд
Бибин мухолифати ин мухолифон ҳар чор
Якеаст аввалу охир чу зоҳиру ботин
Чаҳор исми мсмӣ яке бидон ҳар чор
Чаҳор ёр расӯланд дӯстони худо
Ба дӯстии яке дӯсти дорашон ҳар чор
Чаҳор мартабаи Сайид таназзулӣ фармуд
Трқӣӣ кун ва май ҷӯи зи ошиқон ҳар чор