Гар зот кунад зуҳӯр эй ёр

На ёр бимонад ва на ағёр

На ҷом бимонад ва на бода

На маст бимонад ва на ҳушёр

Чун ҳастӣ ту ҳиҷоб роҳ аст

Лутфӣ кун ва он ҳиҷоб бурдор

Як ҳарфу маъонии фаровон

Як нуқтау эътибор бисёр

Ҷоӣӣ ки ба як ҷӯаст сад ҷон

Чаҳ ҷой сарасту ришу дастор

Аз нақши хаёл ғайр бигузар

То чанд кунӣ ту кор бе кор

Риндона дар о ба базми Сайид

Ҷомии зи шароб ӯ ба дасти ор