Мурғ ҷонам мекунад парвози боз

То ба бурҷ худ расад шаҳбози боз

Ҷон бидиҳгар васли ҷонон боядат

Ошиқонаи сар ба пош андоз боз

Бигузар аз нақши хаёли ғайр ӯ

Хилвати дил бо худои пардози боз

Дар хароботи Муғони масту хароб

Азм риндӣ кардаам оғози боз

Гар дамӣ бо ҷом май ҳамдами шӯй

Завқи ёбии як дам аз дмсози боз

Ъшқбозии кори бозӣ кӣ буд

Ишқи бозӣ , хешро дар бози боз

Шеъри Сайиди ошиқона хуш бихон

Сози сармастон мо бинавоз боз